Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Як дучархарон ва як ронанда қурбони садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи ахир шуданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тайи ду рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуданд, хабар додааст Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзҳои 24 ва 25 август дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом садамаҳои маргбор ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, садамаи авал 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа дар маҳаллаҳои Янгиобод ва Андарсойи ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур рух додаст.
Таъкид карда мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Тико", Мамадалиев Шуҳратбеки 19-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа, автомашинаро ба тарафи рости роҳ чаппа шуда, худи ронанда Мамадалиев Шуҳратбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Опрокинутый знак пешеходного перехода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Пиёдагарди хурдсол зери чархи мошин ба ҳалокат расид
Мутаассифона, рӯзи 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", Ҷабборов Фирдавси 25-сола, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа дучархарон Розиқов Собидҷони 61-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дучархарон Розиқов С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0