Табибон тариқи Душанбе ба Афғонистон рафтанд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСамолет транспортной авиации Ан-26
Самолет транспортной авиации Ан-26  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Як гурӯҳи табибони созмони "Табибони бидуни марз" вориди Афғонистон шуданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik.Як ҳавопаймо аз Душанбе як гурӯҳи табибони созмони байналмилалии мустақили башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" -ро ба шаҳри Қандаҳор, ҷануби Афғонистон интиқол дод.
Аҳмадуллоҳ Васик, сухангӯи Толибон (як созмони террористӣ, мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Твиттер навишт: "Як ҳавопаймои байналмилалӣ аз Душанбе ба фурудгоҳи Қандаҳор фуруд омад. Гурӯҳи табибони MSF омаданд".
Российские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
СААД дар пасманзари шадид шудани вазъи Афғонистон дар Қирғизистон тамрин мегузаронад
Вай таъкид кардааст, ки бори аввал Аморати Исломӣ (ҳукумати Толибон, ки аз соли 1996 то 2001 вуҷуд дошт) раводиди вуруд барои хориҷиёнро тасдиқ кардааст. Намояндаи ҷунбиши радикалӣ гуфт: "Фурудгоҳи Қандаҳор тадриҷан кори худро аз сар мегирад."
MSF аз соли 1980 дар Афғонистон кор мекунад ва ҳоло дар кишвар панҷ лоиҳаро барои расонидани кӯмаки босифати тиббӣ ва башардӯстона ба аҳолӣ амалӣ менамояд.
Дар ҳамин ҳол қайд карда мешавад, ки байнашон табибони тоҷикистонӣ нестанд, балки онҳо тариқи Душанбе ба Афғонистон парвоз кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0