Вазири Покистон гуфт, мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Афғонистонро ба Имрон Хон мерасонад

© AFP 2023 / SABAH ARARМинистр иностранных дел Пакистана Махдум Шах Махмуд
Министр иностранных дел Пакистана Махдум Шах Махмуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, мегӯяд, мавқеи кишварашро дар мавриди Афғонистон ба роҳбарияти Тоҷикистон расонд ва мавқеи баёндоштаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро низ шунид
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Маҳмуд Қурайшӣ дар пайи сафараш ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо роҳбарияти кишвар изҳор дошт, ки мавқею нигарониҳои мақомоти тоҷикро ба сарвазири Покистон, Имрон Хон мерасонад.
Қурайшӣ низ ба таъмини амнияти Афғонистон таъкид карда, дар ҳузури ҷамъи хабарнигорон изҳор доштааст, ки ҷонибдори ташкили ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ дар ин кишвар мебошад.
Қаблан вазири Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост бо Толибон* музокирот кунанд ва ӯ ҳадафаш ба Душанберо донистани мавқеи мақомоти Тоҷикистон хонд.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқот бо вазири хориҷии Покистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Раҳмону Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд: раисиҷумҳури Тоҷикистон дидгоҳашро гуфт
Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, сохтори давлатӣ дар Афғонистони ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
"Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон* аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд", - таъкид шудаст дар мулоқоти Раҳмон бо Қурайшӣ.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудаст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
"Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард", - таъкид намудаст роҳбари давлат.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0