"Чӣ ҳам мегуфтам": Абдуллозода "лату кӯб шуданаш аз сӯи ҷиянҳои Президент" -ро рад кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, барояш ин хабар ғайриинтизор буд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода хабари лату кӯб шуданаш аз тарафи ҷиянҳои президенти Тоҷикистонро бепоя хонд.
Дар ин бора вазир дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" сухан гуфт.
Вазир гуфт, ин хабари лату кӯб шуданаш барои ӯ ғайриинтизор буд ва онҳо асоси воқеӣ надоранд.

"Аз овозаҳо, ки шахсан барои ман ғайриинтизор буданд, албатта, хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд. Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам", - гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон лату кӯб шуд.
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст
Хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар Иди Қурбон 20 июли соли 2021 даргузашт. Ӯ 64 сол дошт ва сабабҳои марги хоҳари президент, тибқи гузоришҳои тасдиқношуда коронавирус гуфта мешуд.
Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард.
Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард
Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, пизишконро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Генерал Раҳимзода дар бораи қазияи "латукӯби вазири тандурустӣ аз сӯи ҷиянҳои Президент"
Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллозода дар Маскав қарор дорад.
Зимнан, рӯзи 3 август Вазорати тандурустӣ акси Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз қабули арзи шаҳрвандон дар сомонааш ҷо дод.
Лентаи хабарҳо
0