Бинои нави таълимии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро Қатар месозад?

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународная выставка-ярмарка "Российское образование Душанбе-2018"
Международная выставка-ярмарка Российское образование Душанбе-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Дар Душанбе бунёди бинои нави таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ахиран мулоқоти Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдулло, сафири Давлати Қатар дар ҷумҳурӣ сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати кишвоарзӣ.
Тибқи иттилои манббаъ яке аз масълаҳое, ки вазири тоҷик бо сафири Қатар баррасӣ кардааст, ин масъалаи бунёди бинои нави таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур будааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҳамзамон масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: бо сармоягузории қатарӣ ворид намудани таҷҳизотҳои муосир барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, чорвои калон барои зиёд намудани насли хушзоти он, тухмиҳои хушсифати дараҷаи элитаи гандум, картошка, пахта ва дигар зироатҳои афзалиятнок, воридоти нӯриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашаротҳои зараррасон аз ҷумла малах, харидорӣ намудани модарзанбур бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содиротт он ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Давлатзода: ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанбе номаълум аст
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот Сафири Қатар дар Тоҷикистон ба Вазири кишоварзии Тоҷикистон даъватномаи Вазири шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар барои иштирок дар намоишигоҳи ЭКСПО, ки соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала