Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Бидуни марг: омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID дар Тоҷикистон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо сироятшавӣ афзудааст
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 46 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст, ки нисбат ба дирӯз бештар аст. Рӯзи гузашта аз сирояти 45 нафар хабар дода шуд.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тавсияи пизишк: пас аз COVID - 19 муоинаи гурда ҳатмист
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 58 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат таъкид доштааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумии фавтидагон 124 нафар боқӣ мемонад.
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти Мушарраф аз коронавирус дар Душанбе
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 26 август, дар кишвар 16653 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16480 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала