"Дер кард": Ато дар бораи худро роҳбари давлат эълон кардани Амруллоҳ Солеҳ

© AP / Rafiq MaqboolВице-президент Афганистана Амрулла Салех
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва дар гузашта яке аз роҳбарони пурнуфузи тоҷикон дар Афғонистон мегӯяд, Амруллоҳ Солеҳ, ки феълан худро роҳбари муваққати давлат эълон кардааст, дер мутаваҷҷеҳи кор шудааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ худро роҳбари муваққати давлат эълон намуд, ба гуфтаи Ато Муҳаммади Нур фурсатро аз даст дод.
Ин нуктаро дар суҳбат бо ВВС Ато Муҳаммади Нур баён дошта, таъкид намуд, ки Амруллоҳ Солеҳ дер мутаваҷҷеҳи ин нукта шуд.

"Агар дар Арк боқӣ мемонданд, камарбанди Кобулро маҳкам мекарданд ва он ҷо эълони мавҷудият мекарданд, қонуни асосӣ ин ҳақро барояшон дода буд. Агар дар Арк менишастанд, қобили қадр буд ва дар таърих як номи накӯ аз ӯ боқӣ мемонд", - изҳор дошт Муҳаммади Нур.

Ба гуфтаи ӯ, Амруллоҳ Солеҳ ба Панҷшер рафту се рӯз баъд мутаваҷҷеҳи ин нукта шуд, ки аллакай дер шуда буду фурсат аз даст рафта буд.
Дар ҳоле, ки раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор карду Толибон* 15 август вориди Кобул шуданд, Амруллоҳ Солеҳ 17 август худро роҳбари муваққати Афғонистон эълон намуд.
"Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати ҳузур надоштан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад", - далел оварда буд сиёсатмадор.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
"Фирори мағзҳо": Ато тахлияи кадрҳо аз Афғонистонро хиёнат хонд
Солеҳ афзуд, ки ӯ дар қаламрави Афғонистон аст ва аз ин рӯ, тасмими ӯ комилан қонунист. Қаблан Амруллоҳ Солеҳ аз шаҳрвандон даъват карда буд, ки ба муқовимат пайванданд.
Феълан ӯ дар Панҷшер, ягона аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки берун аз тасаллути Толибон* қарор дораду нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар вилоят ҷамъ омадаанд. Ҳар ду ҷониб изҳор медоранд, ки хоҳони ҳалли қазия тариқи музокирот мебошанд ва ҳамзамон аз омодагияшон барои гузинаи низомӣ изҳорот медиҳанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва барех кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0