Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷавони шаҳри Хуҷанд медал дод

© дафтари матбуоти ҳукумати ХуҷандФирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Фирдавс Шарифзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали "Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷавони шаҳри Хуҷанд медал дод.
Медали "Хизмати шоиста" -ро ба шаҳрдори Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода, сарвазир Қоҳир Расулзода супурдааст.
" Қоҳир Расулзода дар чорабинии тантанавӣ сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатро қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои масъулин баҳри пойдории Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ номид", - омадааст дар гузориши дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Эмомали Рахмон вручил государственную награду главе Согдийской области Раджаббою Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Раҳмон барои фаъолияти самаранок аз раиси вилояти Суғд қадрдонӣ кард
Дар маҷмӯъ, имрӯз 147 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 28 нафар бо медали Хизмати шоиста, 115 нафар бо медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", як нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва як нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Фирдавс Шарифзода 37-сола аст ва яке аз роҳбарони ҷавон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳанӯз дар 32-солагӣ раиси шаҳри Гулистон таъин шуда буд.
Соли 2020 бо фармони дигари президент раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала