Эрон ҳамсоягони Афғонистонро ба Теҳрон даъват кард: биёед ҳамкориҳои ояндаро барасӣ кунем

© twitter / H.AmirabdollahianВстреча министров Иностранных дел Ирана и Пакистана
Встреча министров Иностранных дел Ирана и Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки Теҳрон барои баргузории нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон омодааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон аз омодагии Теҳрон барои баргузории нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Сайид Расули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки дидори ахири вазирони умури хориҷаи Эрон ва Покистон муҳим буд.
“Дар ин дидор нақшаи роҳе барои ояндаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳои дуҷонибаву минтақаӣ аст”, - навиштааст ӯ.

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон бо ДИИШ робита доранд
Ҳамчунин Мӯсавӣ афзуд, ки Эрон аз пешниҳодӣ вазири хориҷаи Покистон дар хусуси нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон истиқбол ва омодагии худро барои баргузории он дар Теҳрон эълом кард.
Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон ба манзури дидору гуфтугӯ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва дигар мақомоти Эрон ахиран вориди Теҳрон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала