Манбаъ: дар инфиҷорҳои шаҳри Кобул беш аз ҳазор нафар захм бардоштанд

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта Кабула
Дым от взрыва возле аэропорта Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Вазорати тандурустии Афғонистон эълон доштаст, ки дар инфиҷорҳои дар шаҳри Кобул беш аз 1300 нафар захм бардоштаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар инфиҷорҳои ахире, ки дар майдони ҳавоии Ҳамид Карзай ва шаҳри Кобул сурат гирифт беш аз 1300 нафар захм бардоштаанд, иттилоъ додааст манбаъ аз вазорати тандурустии Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, шумори дақиқи маҷрӯҳон дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ 1338 нафар будааст. Дар натиҷаи инфоҷорҳо 60 нафар ҷони худро аз даст додааст.
Қаблан рӯзномаи Wall Street Journal хабар дода буд, ки дар ин ҳамлаҳои террористӣ дастикам 90 шаҳрванди Афғонистон ва ҳамчунин тибқи иттилои Пентагон 13 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд.
Рӯзи панҷшанбе дар наздикии фурудгоҳи Кобул ду таркиш рух дод. Яке аз ин таркишҳо - дар назди меҳмонхонаи "Барон", ки тибқи гузориши расонаҳо, дар он асосан хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Бритониё ва ИМА ба сар мебаранд, сурат гирифт. Аввалин таркиш аз сӯи бомбгузори интиҳорӣ сурат гирифт дигаре бомб ба мошин гузошта шуда буд.
Джен Псаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кохи Сафед: Амрико ба Толибон* бовар надоранд
Расонаҳо дар истинод ба изҳороти "ДИИШ" хабар доданд, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамла ба фурудгоҳро бар дӯш гирифтааст. Вашингтон бовар дорад, ки Вилояти Хуросон, узви ДИИШ *дар ин ҳамлаҳо даст дорад.
Иттилоъ дода шудааст, пас аз ин ду инфиҷор дар Кобул чанд таркиши дигар рух дод. Низомиёни ИМА шарҳ доданд, ки ин таркишҳо таҳти назоратанд.
Президенти ИМА Ҷо Байден фармон дод, ки нисбати роҳбарон ва иншооти “Вилояти Хуросон” * амалиёти ҷавобӣ омода намоянд. Вай ваъда дод, ки нафароне, ки дар ин инфиҷорҳо даст доранд муҷозот хоҳанд шуд.

Тағйири ҳукумат дар Афғонистон

Дар заминаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Толибон * ба ҳамлаҳои худ нисбати нерӯҳо ва артиши Афғонистон шиддат бахшиданд ва ба тамоми шаҳрҳои бузрги кишварро ишғол карданд ва сипас эълон доштанд, ки ҷанги бистсола дар ин кишвар хотима ёфт. Ҳоло масъалаи механизми идоракунии давлат баррасӣ мешавад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд давлатро шӯрои иборат аз 12 нафарӣ идора хоҳад кард.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
28 узви Толибону* 13 сарбози ИМА ва даҳҳо афғон кушта шуд: ҷабрдидаҳо беш аз 1300 нафар
Ягона макони муқовимат ба Толибон дар вилояти Панҷшер боқӣ мондааст, ки дар он нерӯҳо таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ҷойгиранд.
Баровардани хориҷиён ва сокинони маҳаллӣ, ки бо хориҷиён ҳамкорӣ мекарданд, тавассути фурудгоҳи пойтахти Афғонистон идома дорад.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала