Ё шарик буданд ё таслим: ду фарзияи Ато дар мавриди мондани Абдуллоҳу Карзай дар Кобул

© facebook/Dr. Abdullah AbdullahМулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолаиҳаи миллии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини ин кишвар бо Мутлақбин Маҷид Ал-Қаҳтанӣ, намояндаи вижаи Қатар дар Афғонистон
Мулоқоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолаиҳаи миллии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини ин кишвар бо Мутлақбин Маҷид Ал-Қаҳтанӣ, намояндаи вижаи Қатар дар Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх фарзияҳои худро дар бораи дар Афғонистон мондани бархе аз мақомдорони баландпояи собиқ баён дошт
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳур ва Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии ин кишвар аз ҷумлаи мақомдорони баланпояе буданд, ки бо омадани Толибон* Кобулро тарк накарданд.
Собиқ волии Балх, ки феълан худаш дар Дубай қарор дорад, ду фарзияи мондани ин мақомдоронро баён дошта, таъкид намуд, ки тасмимҳои гирифтаашон маънои таъйидшуда аз ҷониби тамоми мардумро надорад.
Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи инҳо зери чатр ва байрақ ва марҳамати Толибон* қарор доранд,
"Ё дар ин тавтеа ва суқути Афғонистон шарик буданд ва ба инҳо итминон дода буданд, ки дар Кобул боқӣ бимонанд. Ё бо руҳияи таслимӣ боқӣ монданд, ки ҳардуи ин барои ман шак эҷод мекунанд", - изҳор дошт Ато дар суҳбат бо ВВС.
Муҳаммад Ато афзуд, ҳар гуна тасмими инҳо, ки ба хайри кишвар, ба нафъи ҳамаи ақвому ақшори кишвар набошад, қобили таъйид нест. Ӯ таъкид намуд, ки ҳузури ақшору ақвом дар ҳукумати оянда набояд намоишию ташвиқотӣ бошад, балки амалан дар тасмимгириҳо шарик бошанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар CNN бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки Карзай ва Абдулло дар Кобул дар ҳабси хонагӣ қарор доранд ва Толибон* мошинҳои онҳо ва силоҳи муҳофизони онҳоро мусодира кардаанд.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
"Дер кард": Ато дар бораи худро роҳбари давлат эълон кардани Амруллоҳ Солеҳ
Аммо намояндаи расмии Толибон* Муҳаммад Наим ба РИА Новости гуфтааст, президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии оштии миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ихтиёран дар Кобул ҳастанд ва хабарҳо дар бораи боздошти маҷбурии онҳо ҳақиқат надорад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала