Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Суғд шумори гирифторӣ ба COVID-19 кам шудааст: 176 нафар табобат мегиранд

© SputnikБеморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд
Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Дар вилояти Суғд, мавридҳои сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба кам шудааст
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Бар пояи иттилоъи манобеъ аз Идораи санитарию эпидемиологии Суғд, шумори гирифторони COVID-19 ба ҳолати имрӯз ба 176 ҳолат кам шудааст.
“Ҳоло 92 нафар дар беморхонаҳо ва 84 каси дигар дар шароити амбулаторӣ дар хонаҳояшон табобат мегиранд” -, гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Омори гирифторӣ ба бемории коронавирус дар муқоиса ба як моҳи қабл ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотӣ омори гирифторони коронавирусро шарҳ дода, иттилоъ дода буд, ки 349 нафар дар бемористонҳо ва ҳамчунин 485 каси дигар, ки дараҷаи сироятёбиашон сабук арзёбӣ мешавад дар шароити хона таҳти муроқибати амбулатории табибон қарор доранд.
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Шифо аз мумиё: нафақахӯре аз Хуҷанд алайҳи коронавирус дастгоҳ сохт - аксҳо
Дар вилояти Суғд гирифторони сирояти коронавирус асосан дар бемористони касалиҳои сирояткунанда воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи клиникавии Суғд ва Беморхонаи клиникавии № 3 и ноҳияи Бобоҷн Ғафуров бистарӣ карда мешаванд.
Инчунин дар назди беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо кати табобатӣ барои гирифторони ин навъ маризи ташкил карда шудааст.
Қаблан масъулони ҳукумат дар бораи ташкил намудани ҳудуди ҳазор койка барои табобати бемории коронавирус дар Суғд иттилоъ дода буданд. Масъулони Идораи тандурустии Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен ва ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуровро минтақаҳои осебпазир аз сирояти коронавирус шарҳ дода буданд.
Ҳоло ба гуфтаи масъулони Идораи санитарию эпидемиологии Суғд дарёфти беморӣ дар чунин шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои охир ба 6 - 8 ҳолат кам шудааст.
Очереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Истеҳсоли воксини нави зидди коронавирус дар Русия
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард, дар шабонарӯзи охир, 46 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст, ки нисбат ба рӯзи 25 август як ҳолат бештар гуфта мешавад.
Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ шабонарӯзи гузашта 58 нафар сокинон аз беморӣ шифо ёфтанд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 26 август, дар кишвар 16653 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16480 (99,0%) нафар шифо ёфта, 124 нафар бар асари ин маризӣ фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала