Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон шумори дақиқи ширкатҳои сайёҳӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ахиран зимни як ҷаласа таъкид дошт, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Ҳамзамон зимни ин ҷаласа раиси Кумита ба роҳбари як ширкати навтаъсиси “Шумон” Бахтовар Аминзода иҷозатномаи фаъолиятро супурд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Гуфта шудааст, ки ширкати “Шумон” дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафи он рушди сайёҳии дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.
Роҳбари ширкати “Шумон” таъкид доштааст, ки ҳоло барои тавсеа додани равобит бо як ширкати ӯзбекистонӣ вориди гуфтушунид шудааст.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Боз шаш ширкати сайёҳӣ вориди бозори Тоҷикистон шуданд
“Дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон – “Самарқанд тревел” вориди гуфтушунид шудаем”, - зикр кардааст роҳбари ширкати сайёҳии “Шумон” Бахтовар Аминзода.
Инчунин, Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин, хабар додааст, ки муҳлати фаъолияти ширкати “Вояж тур” - ро низ тамдид намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала