Вазири умури хориҷии Олмон ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча глав МИД РФ и Германии С. Лаврова и Х. Мааса
Встреча глав МИД РФ и Германии С. Лаврова и Х. Мааса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Вазири умури хориҷии Олмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид мекунад, то паёомадҳои вазъи Афғонистонро баррасӣ намояд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳайко Маас, роҳбари Вазорати умури хориҷии Олмон эълон кард, ки рӯзҳои наздик аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Покистон , Туркия ва Қатар боздид хоҳад кард, то масълаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ намояд.
"Рӯзи якшанбе ман бо сафари корӣ ба кишварҳои минтақа равон хоҳам шуд, то бо ҳамкорон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон масоилро баррасӣ кунем. Ҷониби мо омодагияшро барои дастгирии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баён дошт, то паёмадҳои гуманитарии вазъият дар Афғонистонро бартараф кунем", - изҳор дошт Маас зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Берлин.
Интизор меравад, ки зимни сафар вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воқеиятҳои ҷадиди Афғонистон ва шартҳои созиш бо ҳукумати нави ин кишвар баррасӣ мегарданд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
"Фирори мағзҳо": Ато тахлияи кадрҳо аз Афғонистонро хиёнат хонд
Ин сафар дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои олмонияш, Ҳайко Маас телефонӣ ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитариро баррасӣ карда буданд.
Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад, иттилоъ дод Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Баррасии вазъи Афғонистону минтақа дар ҳолест, ки қудратро дар марзу марказҳои асосии Афғонистон созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон - Толибон* ба даст оварда, эълон намудаанд, ки тибқи қавонини шариат ҳукумат хоҳанд кард. Дар гузашта бар асоси таърифе, ки ҳукумати Толибон* аз шариат медоданд, алайҳи мардум зулми зиёд раво дида шуда, нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, махсусан занон ҷой дошт.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала