Вокуниши Байден баъди инфиҷорҳои Кобул: оё худи Толибон* даст доранд?

© REUTERS / ELIZABETH FRANTZПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар Кобул изҳор дошт, ки барои зарба ба мол, инфрасохтор ва роҳбарияти гуруҳи дастандаркор дастур додааст
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА, ки дар пайи ҳамлаҳои охир дар Кобул 13 сарбози ин кишвар низ кушта шудааст, изҳор доштааст, ки фаромӯш намекунанд, намебахшанд ва дастандаркоронро мавриди шикор қарор медиҳанд.
"Мо намегузорем, террористон монеи рисолати мо шаванд. Мо тахлияро идома медиҳем. Раҳбарияти низомӣ дастур гирифтаст, ки то 31 август бо тамоми имконот тахлияро анҷом диҳанд", - изҳор дошт Байден ва нишасти матбуотӣ ва ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъди ин сана низ эҳтимол афроде хоҳанд буд, ки ниёз ба берун овардан хоҳанд дошт.
Дар мавриди эҳтимоли созиши ДОИШ* ва Толибон* дар ҳамлаҳои охир, раисиҷумҳури ИМА изҳор доштаст, ки чунин далелро дар даст надоранд. Ӯ афзудааст, ки бо Толибон* дар тамосанд, то аз ҳамлаҳо дар оянда ҷилавгирӣ карда шавад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
28 узви Толибону* 13 сарбози ИМА ва даҳҳо афғон кушта шуд: ҷабрдидаҳо беш аз 1300 нафар
Ба суол, ки оё Байден худро масъули ин ҳамаа фоҷеаҳое, ки рух дода истодаанд, эҳсос намекунад, раисиҷумҳури ИМА ба ҳамтои қаблияш ишора карда, афзудааст, ки маҳз Доналд Трамп бо Толибон* созиш кард.
Ин суҳбати Байден дар ҳолест, ки маҳалли фурудгоҳи Кобул 26 август ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифт. Теъдоди умумии ҷабрдидагони инфиҷорҳои охир дар Кобул 1 ҳазору 338 нафар ташкил додаст, навиштааст РИА Новости бо такя ба манобеяш. Ин расона теъдоди кушташудагонро 60 нафар гуфтааст.
Қаблан нашрияи амрикоии Wall Street Journal хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои охири террористӣ дар Кобул 90 шаҳрванди Афғонистон ва инчунин 13 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Пентагон ҳалокати 13 сарбозашро тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол намояндаи Толибон* мегӯяд, миёни кушташудагон дар Кобул ҳадди ақал 28 нафар узви ин гуруҳ буданд, хабар додааст хабаргузории Рейтер.
* -созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала