Аз гӯшти ҳалол то яхмос: дар Душанбе се корхонаи нав ифтитоҳ шуд

© Хадамоти матбуотии президенти ҶТИфтитоҳи забҳхона дар шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи забҳхона дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Обуна шудан
Ҳамаи ин иншоот ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе се корхонаи нав ба баҳрабардорӣ расид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Гӯшти ҳалол

Забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”, ки бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ шуд, бо харҷи 51 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат асту дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.
Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.
"Ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори се сардхона-анборҳои дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти истеҳсолшуда дар муддати дароз аз рӯи меъёрҳо нигоҳдорӣ карда мешавад.
Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд.

"Эскимо Мастер"

Ҳамчунин, дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Эскимо Мастер" бо ширктаи сиёсатмадорон кушода шуд.
Ин корхона бо иқдоми соҳибкор Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Русия бунёд гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, аслан дар ин корхона истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол қариб 500 тонна маҳсулот мебошад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ ба Данғара рафтанд: чаро?
Корхонаи навтаъсис дар масоҳати 0,5 гектар бунёд шуда, аз бинои истеҳсолии дуошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани боз як корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

"Композит Т.А."

Дар баробари ин президент ва раиси шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Композит Т.А."-ро ифтитоҳ намуданд.
Санги асоси ин корхона 17 сентябри соли 2019 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузошат шуд.
Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.
Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ — “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0