Эрон барои дастрасӣ ба Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон гузаргоҳи нав боз мекунад

Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Эрон аз эҳтимоли бозкушоии гузаргоҳи Катой, дар шимоли ғарби Афғонистон барои дастрасии ин кишвар ба Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Аҳмади Замониёни Яздӣ, раиси Анҷумани синфии ширкатҳои ҳамлунақли байналмилалии Хуросони Разавӣ ахиран эълон доштааст, ки се омили замон, ҳазина ва амнияти коло аз мавзӯҳои аслӣ дар таъйини масирҳои ҳамлунақл маҳсуб мешавад, иттиоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Аксари фаъолони бахши хусусӣ, ширкатҳои ҳамлунақлӣ ва коршиносони ҳавзаи ҳамлунақли байналмилалӣ бар ин масъала назари ягона доранд, ки яке аз муҳимтарин мавонеи равнақи роҳгузари Кутай марбут ба таъмин нашудани амнияти тараддуди новгони хориҷӣ дар Афғонистон будааст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки бинобар мушоҳидаҳои мавҷуда ва оқибатҳо таҳаввулоти сиёсии суратгирифта дар ҳавзаи марзҳову гумруки Афғонистон ва тазминҳои ҷори шуда барои таъмини амнияти масири тараддуди новгони ҳамлунақл ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз Афғонистон, ин тағйирот метавонад боиси шаклгирии умедворӣ ба тавсеаи роҳгузари Катой шавад.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Эрон аз барқарорсозии раванди тиҷорат бо Афғонистон хабар дод
Аҳмади Замониёни гуфт, ки тибқи музокироти анҷомшуда, бахши хусусии Афғонистон эълом дошта, ки бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти суратгирифта дар Афғонистон, имкони содироту транзити коло аз марзҳои Эрон ба Осиёи Марказӣ аз масири Афғонистон ба сурати эмин ва бо амнияти боло фароҳам шудааст.
вай афзуд, ки оғози фаъолияту амалиёти баҳрабардорӣ аз ин масир дар ҳолати барномарезӣ қарор дорад ва ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала