Бозгашт ба "хона": Криштиану Роналду дубора ба "Манчестер Юнайтед" пайваст

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк Криштиану Роналду
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Обуна шудан
Клуби англисӣ Роналдуро бо суханони "хуш омадед ба хона" пешвоз гирифт. Футболбози португалӣ солҳои 2003-2009 дар ҳайати футболбозони сурхпӯш бозӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Футболбози португалӣ Криштиану Роналду ғайриинтизор ба "Манчестер Юнайтед" пайваст. Дар ин бора клуби англисӣ хабар дод.

"Манчестер Юнайтед" аз тасдиқ кардани хабар, ки клуб бо "Ювентус" дар бораи интиқоли Криштиану Роналду ба мувофиқа расидааст шод аст", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Пештар хабар дода шуд, ки Роналду қарор карда, ки "Ювентус" -ро тарк кунад. Футболбоз чанд сол пеш аз дастаи "Реал" ба ин ҷо кӯчида буд.
Роналду бо "Манчестер Сити" гуфтушунид кард, аммо ба мувофиқа нарасид. Клуби анлгисӣ бошад, Роналдуро зери шиори "хуш омадед ба хона" пешвоз гирифт.
Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2017
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
Варзишкори португалӣ солҳои 2003-2009 дар ҳайати сурхпӯшҳо бозӣ кардааст. Тибқи иттилои расонаҳо, маблағи интиқоли ҳамлагари 36-сола, 29 миллион евро хоҳад буд. Шартнома барои ду сол баста шудааст.
Ашки Мессиро як миллион доллар нарх карданд
Криштиану Роналду яке аз беҳтарин футболбозон дар таърих ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0