Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави вазорат вобаста ба вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта боз 43 ҳолати сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Вазорат иддао дорад, ки дар ин шабурӯзи гузашта касе аз коронавирус ҷон набохтааст
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи охир, 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс рӯзи гузашта 45 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 51 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон новобаста аз он ки дар фазои интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марг бар асари коронавирус хабар медиҳанд, вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқӣ монд.
Очереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Истеҳсоли воксини нави зидди коронавирус дар Русия
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала