Мирзиёев беш аз 200 зиндониро афв кард

CC0 / Pixabay / Тюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Қарори афв ба муносибати 30 -юмин солгарди истиқлоли Ӯзбекистон қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори авфи 215 зиндониро имзо кард, хабар медиҳад Ожонсии миллии иттилоотӣ.
Аз миёни маҳбусон се нафар пурра аз ҷазо озод карда шуда, 127 нафар шартан пеш аз муҳлат озод шуданд, дувоздаҳ маҳкумшуда ҷазои сабуктар гирифтанд ва муҳлати ҳабс барои 73 нафар низ кам карда шуд.
"Ба вазорату идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки афвшудагонро ба назди оила ва наздиконашон баргардонанд, ба онҳо дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, машғул шудан бо кори фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва мавқеи сазовор дар ҷомеа кумак кунанд", - гуфта мешавад дар паём.
Дар байни афвшудагон: 14 зан, 12 марди аз 60 боло, 69 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ, 15 нафаре, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзидаанд.
Ёдрас мешавем, ки Мирзиёев, моҳи майи соли 2021 низ 100 маҳбусро ба муносибати иди Рамазон ва моҳи март 140 нафари дигарро ба муносибати Наврӯз афв карда буд.
Пештар нашрияи “СССР” бо такя ба манобеяш аз афви бузург бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Манобеъ: Эмомалӣ Раҳмон 30 ҳазор нафарро афв мекунад
Тасмим шудааст, ки чун рақами рамзӣ, 30 ҳазор зиндонӣ озод ва ё ба парвандаашон дахолат шавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аввалиҳо комилан ба озодӣ мебароянду аз парвандаи дуввумиҳо чандсолӣ кӯтоҳ мегардад. Нашрия афви ояндаро “алмосӣ” арзёбӣ кардаст.
Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ахиран зимни нишасти матбуотӣ таъсиси гуруҳи корӣ барои таҳияи қонуни афв, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро рад карда буд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки пешниҳоди қонуни афв ба парлумон ҳуқуқи танҳо президенти Тоҷикистон мебошад. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, дар ин бора ягон санади расмӣ мавриди таҳия қарор надорад.
Бори охир қонуни афв соли 2019 қабул гардид, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала