Қатъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе: кадом кӯчаҳо, рӯзҳо ва соатҳо?

© Sputnik / Амир ИсаевОпустевшие дороги в городе Душанбе
Опустевшие дороги в городе Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Далели масдудсозии ҳаракат дар бархе аз масирҳои марказии пойтахт омодагии сафороӣ ва гузашти ҳарбӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе 11 рӯз маҳдуд мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳаракати нақлиёт дар майдони "Дӯстӣ" ва хиёбонҳоb назди он масдуд мешавад.
Ин маҳдудиятҳо 11 рӯз аз 28 август то 7 сентябр давом мекунад.
"Ҳаракати нақлиёт аз соати 18:00 то 23:00 барои омодагии сафороӣ ва гузашти ҳарбӣ қатъ мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки дар маркази Душанбе ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ барпо мешавад.
Дар ин муддат, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Бухоро то назди чойхонаи Роҳат) ва хиёбони И. Сомонӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Шероз), кӯчаи Шоҳтемур (аз буруиши кӯчаи М. Турсунзода то буриши кӯчаи Шероз ва кӯчаи Теҳрон) пурра қатъ мегардад.
Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Қарор барои қатъи якмоҳаи ҳаракат дар бархе роҳҳои Душанбе: кадом кӯчаҳо, рӯзҳо ва соатҳо?
Ҳамчунин дар ин давра сокинони шаҳр имкони истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро низ надоранд.
Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №3, 8, 33, 37, троллебуси №1 микроавтобусҳои №8, 12 ва 16 тариқи кӯчаи Мирзо Тусунзода ва ҳаракати автобуси хатсайрҳои №№1, 18 тавассути кӯчаи Саид Носир, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар ин росто, шаҳрдорӣ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват карда, ки аз роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала