Ҳалокати ронанда, ноболиғ ва пиёдагард дар се садамаи маргбор

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз сарзадани се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги як ноболиғи 16-сола шудааст, санаи 27 август дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи шаҳри Ҳисор, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ 16-соларо, ки сокини ҷамоати деҳоти Эсанбой будааст пахш кардааст.
Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Инчунин як хабари нохуш санаи 25-уми августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лиаз, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, корманди ҶСК Ширкати “Алюминий-Тоҷик”, гирифтори бемории фишорбаландӣ буда, ҳангоми ба кор овардани кормандони корхонаи мазкур тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ фишораш баланд шуда, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби оҳанин бархурдааст.
Қайд шудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Скорая помощь в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Ҳалокати шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе дар пайи садама: боздошти ронандаи фирорӣ
Боз як ҳодисаи маргбори дигар санаи 27-уми августи соли равон рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хово”, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми кор кардан дар мавзеи “Садика”-и ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи мазкур дар вақти кашонидани сангу шағал, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, сокини ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таъкид шудааст, ки дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала