Таҳсили донишҷӯёни тоҷику афғон дар Русия: квотаҳо, хобгоҳ ва ваксинзанӣ

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузаштан ба хазинаи аксВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
1 сентябр наздик мешавад ва бисёре аз донишҷӯёни хориҷӣ аз шароити вуруд ва таҳсил дар Русия нигаронанд
Оё донишгоҳҳо барои қабули донишҷӯён аз кишварҳои ИДМ омодаанд ва бо кадом шартҳо квотаҳо дар донишгоҳҳои Русия барои хориҷиён афзоиш дода мешаванду Русия ба донишҷӯёни афғон чӣ гуна кумак мерасонад.
Ҳамаи инро хабарнигори Sputnik бо муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба маориф ва илм Любов Духанина баррасӣ кард.

Барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия бояд чӣ кор кард?

Любов Духанина, муовини Шӯрои нозирони Ҷамъияти Донишҳои Русия гуфт, ки Роспотребнадзор, Вазорати маориф ва Вазорати корҳои хориҷии Русия бо Ситоди оперативӣ, ки вуруди ҳамаи донишҷӯёни хориҷиро иҷоза дод, ҳамфикранд ва ин масъала ба зудӣ дар Думаи давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Депутат инчунин хотиррасон кард, ки имрӯз танҳо донишҷӯёни кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонаш иҷоза дода шудааст, метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд. Донишгоҳ бояд дар бораи ҳар як донишҷӯи воридшаванда ба портали Вазорати илмҳои рақамии Русия маълумот диҳад, то ҳангоми убури сарҳад мушкил пеш наояд.
Дар навбати худ, донишҷӯ бояд дар бораи санаи расидан, аз санҷиши манфии ПСР дошта бошаду, пешакӣ ба донишкада ё донишгоҳи худ хабар диҳад ва ҳангоми расидан ба Русия дар давоми 72 соат аз нав ташхис гузарад. То гирифтани натиҷаҳои санҷиш, донишҷӯ ба таври онлайнтаҳсил хоҳад кард.

Кадом ваксина барои дохил шудан ба донишгоҳи Русия иҷозат дода шудааст

Аксари донишҷӯён аз масъалаи эътирофи шиносномаҳои ваксинаҳои ғайрирусӣ монанди AstraZeneca ё Pfizer нигаронанд.
"Русия ба кишварҳо пешниҳод кардааст, ки принсипи эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои ваксинзанӣ ба роҳ монда шавад, аз ин рӯ ҳеҷ мушкиле нахоҳад буд", - итминон дод Духанина.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ихтиёрӣ: дар Русия ваксинзании донишҷӯёни хориҷӣ ба зиммаи донишгоҳҳо вогузор шуд
Валерий Фалков, сардори Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия, гуфт, ки ҳамаи донишҷӯён бояд новобаста аз ваксингирӣ ба дарсҳо, варзиш ва хобгоҳҳо дастрасии баробар дошта бошанд.
Ҳамзамон, тавсия дода мешавад, ки онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, ба таълими фосилавӣ гузаранд ва ҳангоми ҷойгиркунӣ дар хобгоҳҳо омили эмкунӣ ба назар гирифта мешавад.

Оё донишҷӯёни афғон метавонанд дар Русия таҳсил кунанд?

Дар мавриди донишҷӯёни афғон, ки қаблан бо дархости идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба Владимир Путин муроҷиат карда буданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия масъалаҳои омадан ва убури сарҳадро ҳал мекунанд.
Духанина гуфт, ки донишгоҳҳои гуногун барномаҳои худро барои дастгирии донишҷӯёни афғон таҳия мекунанд.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Ба Русия донишҷӯёни хориҷӣ бештар аз Тоҷикистон меоянд
Масалан, Донишгоҳи федералии Урал ба ҳар як донишҷӯ 25 ҳазор рубл пардохти яквақта пешниҳод мекунад ва хобгоҳу ташкили ҷои кор ҷои кор ваъда медиҳад.

Афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ

Сиёсатмадор инчунин гуфт, ки дар солҳои наздик дар Русия шумораи хориҷиёне, ки дар доираи квотаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Русия маълумоти олӣ мегиранд, ду баробар меафзояд.
5 бурсия ва ду шарт: донишкадаи бонуфузи Маскав барои донишҷӯёни тоҷик квота ихтисос дод
Шумораи дархостҳо аз сокинони кишварҳои дигар сол то сол бештар мешавад.
Квотаҳо барои солҳои 2021-2022 - 18 ҳазор, барои солҳои 2022-2023 - 23 ҳазор, аз солҳои 2023-2024 - 30 ҳазор ҷудо карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала