Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Фаронса вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© МИД РТГлава МИД РТ провел встречу с послом Франции в РТ в городе Душанбе
Глава МИД РТ провел встречу с послом Франции в РТ в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Дар мулоқот бо сафири Фаронса дар Душанбе вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон на танҳо ҳамкориҳои дуҷониба, балки вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро низ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, взири умури хориҷа бо Мишел Тарран сафири Фаронса дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин вазъи имрӯзаи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, дар мавриди давлатдории ояндаи он табодули афкор намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Раҳмону Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд: раисиҷумҳури Тоҷикистон дидгоҳашро гуфт
Эмомалӣ Раҳомон дар суҳбати телефонӣ бо Эмануэл Макрон, нигаронӣ карда буд, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.
Раҳмон зимни суҳбат таъкид карда буд, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
"Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Макрон.
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Макрон Раҳмонро ба Фаронса даъват кард: кай кишвардори Тоҷикистон ба Порис меравад
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала