Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* ба сокинони шаҳри Кобул як ҳафта муҳлат дод

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Гурӯҳи Толибон ба сокинони шаҳри Кобул як ҳафта муҳлат додааст, ки тамоми аҷноси давлатиро ба аргҳои амниятӣ таслим намоянд
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: " Иттилоияи аргҳои амниятӣ Аморати Исломӣ: дар шаҳри Кобул ба тамоми касоне, ки васоит, аслиҳа, муҳимот ва дигар аҷноси давлатиро, ки ба худ доранд, иттилоъ дода мешавад, ашёи мазкурро дар муддати як ҳафта ба ризояти худ ба аргҳои марбут ба аморати Исломӣ бисупоранд”.
Вай ҳамчунин навиштааст, ки “то ниёз ба он дода нашавад, ки дар сурати кашфи он ҷинояткорон ба таъқиб ва ё бо бархурди қонунӣ мувоҷеҳ гарданд”.
Ёдрас мешавем, ки санаи 15 август ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар қабл аз вуруди Толибон* ба Кобул Афғонистонро тарк кард ва дар як паём эълом дошт, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.
*- созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала