Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои эрониашро табрик кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як паём Ҳусейн Амир Абдуллоҳиёнро ба мақоми вазири умури хориҷаи Эро интихоб шуданаш табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Сироҷиддин Меҳруддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиёнро бо гирифтани раъйи эътимод ва ба кор шурӯъ карданаш табрик гуфт, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
“Бовар дорам, ки бо талошҳои муштарак равобити дӯстона ва ҳамкории ду кишвар густариш хоҳанд ёфт”, - таъкид доштааст дар ин паём Вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл раисҷумури ҷадиди Эрон феҳристи вазирони пешниҳодкардаи худро ба маҷлиси шӯрои исломӣ ироа кард, ки номи Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба унвони визири пешниҳодии умури хориҷа дида мешавад.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Теҳрон ҷойгузини Зарифро эълон кард: вазири нави корҳои хориҷаи Эрон кист?
Абдуллоҳиён ҷойгузини Муҳаммадҷавод Зариф шуд, ки ба муддати 8 сол вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Ҳасани Руҳонӣ буд.
Гуфта мешавад, ки Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба унвони як дипломати зидди Ғарбӣ дониста мешавад
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар замони раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод муовини вазири корҳои хориҷӣ дар умури Африқо ва ҷаҳони араб буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала