Байденро дар нишасти муштарак бо сарвазири Исроил хоб бурд - навор

© REUTERS / ELIZABETH FRANTZПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Дар ҳоле, ки сарвазир Беннетт аз муносиботи хуби Исроилу Амрико тавсиф мекард, Ҷо Байден дар рӯбарӯи ӯ бидуни ҳаракат нишаста хоб рафт
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Амрико Ҷо Байден дар нишасти матбуотии муштарак бо сарвазири Исроил, Нафталӣ Беннет хоб рафт. Дар ин бора хабаргузории Middle East иттилоъ дод.
Бар хабари манбаъ, Нафталӣ Беннет рӯзи панҷшанбе 26 август барои музокирот бо Ҷо Байден вориди Амрико шуд.
"Ин марҳилаи нав дар таърихи аҷиби дӯстии байни халқҳои мо, байни Иёлоти Муттаҳида ва давлати демократии яҳудии Исроил аст. Мо бояд қавӣ бошем", - изҳор доштааст Беннет.
Ин ҳарфҳои сарвазир дар ҳоле садо доданд, ки ҳамсӯҳбати ӯ, Ҷо Байден дар рӯбарӯяш бо чашмони пӯшида ва бидуни ҳаракат менишаст.
Ба Ҷо Байден ҳанӯз рақиби ӯ дар интихоботи президентӣ ва собиқ кишвардори ин кишвар, Доналд Трамп, лақаби " Ҷои хоболуд" гузошта буд.
Ӯ ҳатто ба Байден маслиҳат дод, ки аснои мулоқот бо кишвардори Русия Владимир Путин эҳтиёткор бошад ва кғшиш кунад, ки зимни сӯҳбат хоб наравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала