Дастури Бастрикин дар мавриди афзоиши занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание коллегии Следственного комитета РФ
Заседание коллегии Следственного комитета РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия вазъи марбут ба занозании гуруҳии муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро зери назорат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин ҳолатҳои занозании гуруҳии муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро таҳти назорати махсус гирифт, хабар дод дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, Бастрикин ба роҳбари Сарраёсати тафтишотии Маскав, Андрей Стрижов дастур дод, ки санҷишро роҳандозӣ карда, аз натиҷаи он гузориш диҳад.
Ин дастур дар пайи як занозании дигар миёни муҳоҷирон дар кӯчаи Баумани Русия сурат гирифтааст. Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, дар ин занозанӣ беш аз 10 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштаанд.
Таъкид шудааст, ки афзоиши таваҷҷуҳ ба занозании муҳоҷирон ба он далел аст, ки чунин ҳолатҳо вақтҳои охир афзоиш ёфтаанд.
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҷузъиёти занозании муҳоҷирон дар Маскав ва масъалаи ихроҷи онҳо аз Русия
Ахиран Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав низ дар мавриди занозании муҳоҷирон изҳори назар карда, афзуд, ки аз чунин меҳмонон хушнуд нест.
Вай илова намуд, ки тайи вақтҳои охир тақрибан 200 нафар депорт шуданду вуруди 17,5 ҳазор нафар ба кишвар мамнӯъ гардид.
Шаҳрдори Маскав зикр намуд, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ ба пойтахти Русия барои кор меоянд ва аксарияти онҳо қонунро риоя мекунанд - сабти ном мешаванд, патент мегиранд ва пули онро пардохт мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала