Сухангӯи Аҳмад Масъуд аз фишорҳои Толибон ва вилоятҳои таҳти нуфузи ӯ гуфт

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз қатъ шудани шабакаҳои мухобаротӣ дар Панҷшер хабар дод ва хабарҳо дар бораи ҳамла вуруди "Толибон"* ба дараро такзиб намуд
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Қариб 24 соати қабл "Толибон"* тамоми ширкатҳои мухобиротии фаъол дар Афғонистонро таҳти фишор гирифтаанд, ки хадамоташон дар Панҷшерро қатъ кунанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз 24 соат қабл ба ин сӯ дараи Панҷшер ба шабакаҳои мухобаротӣ дастрасӣ надорад.
"Шояд далелу ангезаашон ин буда бошад, ки аз ин тариқ мехоҳанд ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон фишор ворид кунанд, дар ҳоле ки бахшҳои низомӣ васоили мухобиротии худро доранд ва барои онҳо ҳеҷ мушкил эҷод намешавад, аммо ин мушкил барои оми мардум дар Панҷшер эҷод шуда ва хилофи тамоми қавонин ва меъёрҳои байнулмилалӣ аст, ки набояд чунин мешуд ва ҳоло ҳам "Толибон"* ин иқдомашонро бояд бозбинӣ кунанд", - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Мақомдори Толибон*: машварат барои ташкили ҳукумати ҳамашумул идома дорад
Қаблан шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон як навореро аз "Толибон"* пахш карда буданд, ки бино ба даъвои онҳо, дар Панҷшер гирифта шудааст. Дар ин навор "Толибон" иддао мекунанд, ки вориди Панҷшер шудаанд ва дар ҳоли пешрафт ҳастанд.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ин навор дар ҷое дигар гирифта шуда, бозии "Толибон"* бо азҳони ҷомеа ва шикастани руҳияву бовари мардум ба муқовимат дар Афғонистон аст, дар ҳоле ки то ба ҳол ҳатто талоше ҳам накардаанд ба мавозеъи мо ҳамла кунанд.
"Мо на танҳо Панҷшер, балки қисматҳое аз Андаробҳои вилояти Бағлон, Куҳистони вилояти Парвон, бахшҳое аз вилоятҳои Нуристон, Бадахшон ва Тахорро низ таҳти назорат дорем. Муқовимат рӯз ба рӯз тақвият меёбад ва пешравиҳои мо идома доранд", - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Панҷшер аз 34 танҳо вилояти Афғонистон аст, ки то ба ҳол таҳти сайтараи “Толибон” нест ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, маҳз дар ин дара марказ гирифтаанд.
Қаблан “Толибон” эълом дошта буданд, ки талош мекунанд бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз дари гуфтугӯву мадоро канор биёянд ва дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумул ташкил диҳанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, онҳо дар талоши тобеъ кардани Панҷшер ҳастанд, на дар фикри ташкили як низоми фарогири умумимиллӣ дар Афғонистон.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала