Ҳушдори Байден аз ҳамлаҳои нав дар Кобул ва зарбаҳои дигар ба ДОИШ дар Афғонистон

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав дар фурудгоҳи Кобул ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА дар пайи зарбаи нерӯҳои амрикоӣ ба ташкилкунандагони ҳамлаҳои террористии шоми 26 август дар фурудгоҳи Кобул изҳор дошт, ки ин ҳамлаҳои охир ба ДОИШ* дар Афғонистон нест.
Ба гуфтаи Байден нерӯҳои амрикоӣ эҳтимоли ҳамлаҳои нави террористӣ дар маҳаллаи фурудгоҳи Кобулро тайи 24 - 36 соати оянда воқеӣ медонанд, навиштааст Reuters. Ӯ ҳамчунин аз зарбаҳои ҷадид ба ДОИШ дар Афғонистон ҳушдор дод.
Ин изҳороти Ҷо Байден дар ҳолест, ки дар пайи инфиҷори террористии шоми 26 август дар Кобул 13 сарбози ИМА низ кушта шуд. Байден гуфт, ин қазияро фаромӯш намекунанд, намебахшанд ва дастандаркоронро мавриди шикор қарор медиҳанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Толибон боз як овозхони номии Афғонистонро бераҳмона куштанд
Дар мавриди эҳтимоли созиши ДОИШ* ва Толибон* дар ҳамлаҳои охир, раисиҷумҳури ИМА изҳор доштаст, ки чунин далелро дар даст надоранд. Ӯ афзудааст, ки бо Толибон* дар тамосанд, то аз ҳамлаҳо дар оянда ҷилавгирӣ карда шавад.
Намояндаи Толибон* низ изҳор доштанд, ки миёни кушташудагони инфиҷор дар Кобул ҳадди ақал 28 нафар узви ин гуруҳ низ буданд.
* -созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала