Даъвати Макрон ба ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул таҳти назорати СММ

© AFP 2021 / LUDOVIC MARINПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Порису Лондон пешниҳод доранд, ки таҳти назорати Созмони милали муттаҳид дар пойтахти Афғонистон минтақаи махсуси амниятӣ ташкил карда шавад
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, Порис ва Лондон аз СММ даъват доранд, ки сари ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул кор кунад.
Дар ин бора Франс Пресс бо такя ба мусоҳибаи Макрон бо рӯзномаи Journal du Dimanche хабар додааст.
Қаблан РИА Новости бо такя ба манбааш дар СММ хабар дод, ки дабири кулли ин созмон, Антониу Гутерриш ният дорад бо намояндагони доимии кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ - Русия, ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин 30 август вазъи Афғонистонро баррасӣ намояд.
Ба гуфтаи Макрон, Фаронса ва Бритониё ба СММ тарҳеро пешниҳод хоҳанд кард, ки тибқи он дар Кобул таҳти назорати СММ минтақаи махсус ташкил карда шавад, ки ба идомаи амалиёти башардӯстӣ мусоидат мекунад.
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Кобулов гуфт, бо кишварҳои СААД дар мавриди Афғонистон ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаст
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Макрон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд. Ҳар ду ҷониб омодагияшонро барои музокирот баён дошта, таъкид мекунанд, ки ҳамзамон омодаи гузинаи низомӣ мебошанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала