Овозаҳои марги маршал Дӯстум аз сактаи қалбӣ: оё сиҳат доранд?

Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Манобеъи дасти аввал овозаи фавти маршал Дӯстумро такзиб карда, аз далоили ин шоепароканиҳо гуфтанд
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Ин овоза шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомиаи Афғонистон такон додааст, ки маршал Абдураҳим Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиши миллӣ, танзими сиёсии умдатан ӯзбекҳои Афғонистон бар асари сактаи қалбӣ чашм аз олам пӯшидааст. Ин овоза дар як сафҳаи фейсбукие ба номи Ботур Дӯстум, писари аршади маршал Дӯстум шоми 28 август нашр шуда буд.
Аҳмад Файзӣ, яке аз наздикони маршал Дӯстум дар такзиби ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чанд лаҳза қабл бо писари ӯ - Ботур Дӯстум суҳбати телефонӣ дошт ва ӯ марги падарашро рад кардааст.
“Ин сафҳаи фейсбукӣ ҷаълӣ аст. Зоҳиран, ин душманони маршал Дӯстум ҳастанд, ки чунин шоеотро мепарокананд. Аммо ӯ зинда, сиҳату саломат аст. Рақибон беҳуда талош мекунанд. Маршалро фақат дар овозаҳо мекушанд. Ӯ ба Афғонистон бармегардад ва ватанашро аз шарри “Толибон” раҳоӣ мебахшад”, - гуфт ӯ.
Дар такзиби ин хабар ёвари Устод Атомуҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, низ гуфт, мавсуф ҳаволии шом бо маршал Дӯстум суҳбате дошт.
“Он кас дар Туркия қарор дорад. Ҳамин бегоҳ ҷаноби Устод бо ҷаноби маршал як суҳбати телефонӣ доштанд ва сари вазъи шимоли Афғонистону иқдомоти муштарак баҳсу баррасӣ доштанд”, - гуфт ӯ.
Як манбаъи дигар аз номи Раис Ҳошим, собиқ волии Ҷузҷон низ хабар дод, ки мавсуф замони омода шудани ин гузориш дар ҳузури маршал Дӯстум будааст.
Фармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
“Фотеҳи Шимол”, “ғуломбача” ва сокини хонаи Дӯстум: тоҷики масъули ҳамлаи Панҷшер кист?
Маршал Абдурашид Дӯстум, яке аз раҳбарони шимоли Афғонистон аст, ки 14 август дар пайи суқути шаҳри Мазори Шариф бо иттифоқи дигар чеҳраи матраҳи минтақа Устод Ато Муҳаммади Нур Афғонистонро ба қасби Ӯзбекистон тарк карданд.
Пас аз муддате ҳарду ба Туркия рафтанд. 17 июн маршал Дӯстум, бино ба қавли наздиконаш, аз як тавтиа ҷон ба саломат бурда буд. Ӯро он замон масмум карда буданд. Заҳр дар харбузае буд, ки ӯву писараш хӯрда буданд.
Дӯстум соли 1998, замони зуҳури аввали Толибон* низ ба Туркия фирор намуда, ноябри соли 2001 ба Афғонистон баргашт ва бо кӯмаки нерӯҳи эътилофи байнулмилалӣ аввалин футуҳоти ҷанг алайҳи терроризм – озодии Мазори Шарифро ба номи худ сабт карда буд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала