Толибон боз як овозхони номии Афғонистонро бераҳмона куштанд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Маълум нест, ки сабаби ин эъдом чист: ақидаҳои сиёсӣ ё фаъолияти касбӣ
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Фавад Андаробӣ, овозхони маъруфи мусиқӣ ва сурудҳои мардумии афғон, аз сӯи Толибон* кушта шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Таймс нау" хабар дод. Қатли бераҳмонаи овозхон аз сӯи Толибонро писари ӯ низ тасдиқ намуд.
Маълум аст, ки ҷангҷӯён овозхонро аз хонааш дар вилояти Бағлон берун оварда, тирандозӣ кардаанд. Сабабҳои дақиқи куштори овозхон маълум нест.
Пештар Фавад Андаробӣ ошкоро ба ин ҷунбиши радикалӣ мухолифат мекард.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Муҷоҳид: пас аз хуруҷи Амрико ҳеҷ инфиҷоре дар Афғонистон дигар рух намедиҳад
Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Масъуди Андаробӣ низ дар бораи марги сароянда навиштааст.
Сабаби дигари куштори ваҳшиёнаи овозхон шояд фаъолияти касбии ӯ бошад, зеро Толибон* ҳамагуна мусиқиро "хилофи ислом" медонанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Афғонистон Толибон* нафарони ҷонибдори ҳукумати қаблиро эъдом мекунанд. Ҳарчанд худи ҷангҷӯён изҳор доштанд, ки афв эълон мекунанд ва ҳеҷ кас дар ин кишвар таъқиб намешавад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала