Бонки латвиягӣ мехоҳад вориди бозори бонкии Тоҷикистон

© Национальный банк ТаджикистанаПредседатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода встретился с представителями "Rietumu Bank of Latvia"
Председатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода встретился с представителями Rietumu Bank of Latvia - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия тасмим гирифтааст вориди бозори бонкии Тоҷикистон шавад
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Бонки “Rietumu Bank”-и Латвия Леонид Эстеркин — Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дидору гуфтугӯ кард.
Тибқ иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва “Rietumu Bank”-и Латвия баррасӣ гардид.
© Национальный банк ТаджикистанаПредседатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода встретился с представителями "Rietumu Bank of Latvia"
Председатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода встретился с представителями Rietumu Bank of Latvia - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Председатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода встретился с представителями "Rietumu Bank of Latvia"
Тибқи иттилои манбаъ, раиси Бонки миллӣ ва намояндагони бонки “Rietumu Bank” вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории бонки “Rietumu Bank” бо бонкҳои Тоҷикистон муҳокима шуд.
Зимни мулоқот Ҳоким Холиқзода ба меҳмонон дар бораи низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
БМТ мудирони муваққатии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро таъин мекунад
Раиси Бонки миллӣ дар ҷараёни гуфтугӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудаст.

“Бонки “Rietumu Bank” метавонад дар ҷумҳурӣ бо имконияти бештару беҳтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм гузорад”, - қайд кардааст Ҳоким Холиқзода.

Гуфта шудааст, ки намояндагони “Rietumu Bank” ҳавасмандии худро барои роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.
Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия буда, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0