Рӯз ва макони баргузории Идҳои "Каду, харбузаву тарбуз ва ангур" маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе
Праздник Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати кишоварзӣ сана ва макони баргузории Идҳи "Каду, харбузаву тарбуз ва ангур" эълон кард
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки Идҳои "Каду, харбузаву тарбуз ва ангур" санаи 5 сеняӣри соли равон дар "Боғи ботаникии Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ додааст, дафтари матбуоти вазорат.
“Бо мақсади таъмини иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон аз 30 декабри соли равон тасдиқ гардидааст, санаи санаи 5 сентябри соли равон дар "Боғи ботаникии Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе "Иди каду", "Иди харбузаву тарбуз" ва "Иди ангур" баргузор мегардад”, - хабар додааст манбаъ.
Ҷашнвораи каду, тарбуз ва харбуза дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2020
Нӯши ҷон: таҷлили Идҳои каду, харбуза ва тарбуз дар Душанбе - гузориши аксӣ
Гуфта шудааст, дар чорабинии мазкур намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза, ангур ва маҳсулотҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Ҳамзамон, манбаъ илова кардааст, ки дар ин чорабинӣ инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулотҳо омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0