Ҷабборов дар бораи музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Сарвари Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар остонаи 30 -умин солгарди истиқлоли кишвар президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо роҳбарони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти васеъ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ сарвари ҷумҳурӣ ба чанд нуктаи муҳим, аз ҷумла ба мавзӯи аломатгузории сарҳадҳои давлатӣ дахл кард.
Ҷабборов қайд кард, ки гарчанде аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишвар масъалаҳои марзӣ авлавият дошта бошанд ҳам, ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд.
"Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳалли ин масъалаҳо бо Узбекистон фаъолона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад. Гуфтушунид бо Тоҷикистон низ шиддат ёфтааст", - гуфт сарвари Қирғизистон.
Глава МИД Кыргызстана Руслан Казакбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Даст кашидан аз даъвои ҳудудӣ: изҳороти ВУХ Қирғизистон оиди масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Президент иттилоъ дод, ки зиёда аз 50% сарҳадҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушкил боқӣ мемонад. Баъзан дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва низомиён муноқишаҳо авҷ мегиранд.
Яке аз задухӯрдҳои бузургтарин ҳодисаи апрел дар минтақаи обанбори Головная, воқеъ дар болооби дарёи Исфара буд.
Дар натиҷаи муноқиша, ки чанд рӯз идома ёфт, даҳҳо нафар кушта ва садҳо сокини ҳарду ҷумҳурӣ зарар диданд. Сабаби асосии низоъҳо минтақаҳои тақсимнашуда мебошанд. Ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти беш аз 70 қаламрави баҳсбарангез пас аз фурӯпошии ИҶШС ба тавофуқ бирасанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала