Кремл имкони тағйири қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русияро арзёбӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Песков қайд кард, ки норасоии муҳоҷирони корӣ як мушкилоти таъхирнопазири иқтисоди Русия аст
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Кремл имкони тағйири қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Русияро арзёбӣ кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфтааст, ки иштироки муҳоҷирон дар задухӯрдҳои оммавӣ аз ҷониби Кремл як масъалаи муҳим арзёбӣ намешавад.
"Агар муноқишаҳо бо вайрон кардани қонунгузории амалкунанда вобаста бошанд, пас хадамоти муҳоҷират ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати иштирокчиён чораҳои дахлдор меандешанд" - гуфт сухангӯи Кремл.
Массовая драка на Хованском кладбище в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав
Песков қайд кард, ки норасоии муҳоҷирони корӣ як мушкилоти таъхирнопазири иқтисоди Русия аст. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи тағйири қоидаҳои вуруди хориҷиён ба Федератсияи Русия ва навсозии қонунгузории муҳоҷират барвақт аст.
"То кунун ягон қарор қабул нашудааст. Пешниҳодҳои гуногуни коршиносон аз бахшҳои дахлдори иқтисод вуҷуд доранд", - хулоса кард Песков.
Вақтҳои охир дар Маскав муноқишаҳо байни муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ зуд -зуд рух медиҳанд. Дар остонаи нирӯҳои амниятӣ тақрибан 50 нафарро боздошт карданд, ки дар кӯчаи Бауманская занозанӣ кардаанд. 9 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала