"Вазъият душвор аст": Лукашенко ҷузъиёти гуфтугӯ бо Раҳмонро ифшо кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Дар ҷараёни суҳбат ду президент вазъи Афғонистон ва марзи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафири Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳакдод мулоқот кард, хабар медиҳад БЕЛТА.
Зимни муколама Лукашенко дар бораи он чизе сӯҳбат кард, ки дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
"Тӯли ним соат ӯ ҳамчун дӯсти наздик дар бораи вазъи Афғонистон суҳбат кард. Зимнан, бисёр маълумоти нав мавҷуданд, ки на дар расонаҳо шунида мешаванд ва на дида мешаванд", - қайд кард президенти Беларус.
Вай афзуд, ки вазъ дар Афғонистон ва марзи Тоҷикистон "бисёр ҷиддӣ ва муташанниҷ аст".
Лукашенко инчунин ба таври алоҳида қайд кард, ки бинобар дарозои сарҳад бо Афғонистон, онро тақвият додан лозим аст. Гузашта аз ин, барои ин Тоҷикистонро бо аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз кардан лозим аст.
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Раҳмон Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош ва аз вазъи Афғонистон гуфт
Раҳбари Беларус афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон нисбат ба ҳама ҷумҳуриҳои дигар ва ҳатто назар ба Иёлоти Муттаҳида, ки контингенти онҳо мустақиман дар Афғонистон ҷойгир аст, маълумоти бештар дорад.
Лукашенко хотиррасон кард, ки президенти Тоҷикистон, "метавон гуфт, ки дар тӯли даҳсолаҳо аз рушди бениҳоят хатарноки вазъ дар Афғонистон ҳушдор медод ва дуруст баромад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала