Кобулов: Маскав омода аст, дар лоиҳаҳои барқарорсозии Афғонистон иштирок кунад

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Фиристодаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом дошт, ки Маскав дар тарҳҳои бозсозии иқтисодӣ дар Афғонистон ширкат хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири бахши дуввуми вазорати хориҷа дар умури Осиё гуфт, ҷониби Русия дар тарҳҳои иқтисодии бозсозии Афғонистон ширкат хоҳад кард ва ҳоло омода аст ба кор шурӯъ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
"Мо ҳамеша омодагии худ барои иштирок дар талошҳои байналмилалӣ барои барқарорсозии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон пас аз ҷанг изҳор карда будем. Ҳоло вақти он расидааст", - гуфт Кобулов дар суҳбат ба телевизиони Россия 24.
Кабулов гуфт, вай муътақид аст, ки болои Кобул омадани Толибон* як воқеият аст ва Русия маҷбур хоҳад шуд бо ҳукумати нави Афғонистон робита барқарор кунад.
Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш баъд аз 20 соли ҳузури бенатиҷа аз моҳи май нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунанд ва Толибон дар пайи он яке апси дигар назорати манотиқи мухталифи Афғонистон ба даст гирифтанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
“Ҳаққониҳо ва қандаҳориҳо”: ихтилоф миёни Толибон* то куҷо расидааст?
Ин гуруҳи террористӣ рӯзи 15 август Афғонистонро ба даст гирифтанд ва танҳо минтақаи Панҷшер дар шимоли Афғонистон аз назорати ин гурӯҳ берун аст.
Пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон*, хуруҷи оммавии гурезаҳо ва кӯчонидани намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони корпоративии Ғарб оғоз шуд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала