Панҷ ҳамла: фурудгоҳи Кобулро мушакборон карданд

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта Кабула
Дым от взрыва возле аэропорта Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Фурудгоҳи Кобул аз ҷониби афроди номаълум мавриди мушакборон қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба фурудгоҳи Кобул панҷ мушак партоб шуд ва яке аз онҳо ба ҳадаф расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира бо истинод ба намояндагони ҳаракати радикалии Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтаст, ҳамла ба ҷониби шимолии пойтахт анҷом дода шуд. Дар бораи талафони моливу ҷонӣ иттилое дода намешавад.
Мақомоти ИМА далели зарбаи панҷ мушак ба бандари ҳавоӣ тасдиқ карданд, менависад CNN. Аксари онҳоро системаи дифоъи ҳавоии Амрико боздоштааст.
Дар ҳамин маълум нест, ки паси ҳамла ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон кӣ меистад.
Секретарь Совета безопасности Беларуси Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Зас: СААД нерӯҳояшро ба Афғонистон намефиристад
Қаблан низомиёни амрикоӣ ба як мошин дар Кобул ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд, ки гӯё ба террористон тааллуқ дошт.
Пентагон таъкид кард, ки пас аз нобуд кардани ҳадаф, таркишҳо идома ёфтанд. Ҳамзамон дар бораи қурбониён - сокинони осоишта иттилое дода намешуд.
Ба гузориши Ал-Ҷазира, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ шаш нафар, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, мушакҳои амрикоӣ ду мошин ва як қисми бинои истиқоматиро хароб карданд.
Пештар Толибон ҳамлаҳои ИМА ба Кобулро маҳкум карданд. Сухангӯи ҷангҷӯён таъкид кард, ки артиши ИМА бояд дар бораи таҳдид хабар медод, на ҳамлаҳои "худсарона"анҷом медоданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала