Пирӯзии "Соро компания" бар "Сипар" - и Хуҷанд: анҷоми даври 8-уми Лигаи футзал

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, бозии калидии даври ҳаштуми лигаи касбии футзали кишвар дар соли равон ба фоидаи дастаи "Соро компания" анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дастаи “Соро компания” дар сафар дастаи “Сипар”-и Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, дар бозии марказии даври ҳаштуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 ду голи Муҳсин Муҳаммадӣ, голҳои Руҳулло Исарӣ ва Файзалӣ Сардоров ба "Соро компания" пирӯзӣ овард.

Дастаи нави лигаи касбии футзали Тоҷикистон – “Пойтахт” дар даври ҳаштум бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 7:5 ғалаба карданд. Дар ҳайати тими ғолиб Хуршед Исломзода 3 гол, Баҳодур Юлдошев ду гол ба номашон сабт карданд, афзуд Кумита.
Мунтахаби тоҷикистон оид ба футзал баъди ғолибият бо тими Қувайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Эрон барандаи Ҷоми байниқораии футзал шуд
Дар зӯрозмоии дигар тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Помир”-и Хоруғ бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардид. Голҳои тими Душанберо Абдуқаюм Умаров (2 гол), Некрӯз Идиев ва Самандар Ризомов ба ҳадаф расонданд

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд зимни натиҷагирии ҳашт даври бозиҳо дастаҳои “Сипар” ва “Соро компания” бо 22-холӣ дар садри ҷадвал қарор доранд. Дастаи “Истиқлол” бо 13 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Дар мавриди бозиҳои даври нуҳуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 4-уми сентябр дар назаранд, дастаи "Пойтахт" бо "Соро компания" ва "Самандар" бо "Помир" майдондорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала