Президент бо Маас мушкилоти Афғонистонро баррасӣ карду роҳи ба эътидол омадани вазъро гуфт

© NakibMurodovМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ хонд.
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 30 августи бо вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари котиботи раисиҷумҳури кишвар, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.
"Вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд",- афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа намуданд.
Яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ хонд.
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
"Вазъият душвор аст": Лукашенко ҷузъиёти гуфтугӯ бо Раҳмонро ифшо кард
Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба нақши СММ таъкид карданд, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад.
Ҳамзамон ба расонидани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Таъкиди Раҳмон ба ваъдахилофии Толибону* воридсозии тоҷикон ба Ҳукумат: шартҳои Тоҷикистон
Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштанд.
Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон зимни суханронӣ дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала