Тирандозӣ ва ҳарос: дар фурудгоҳи Кобул чӣ мешавад - видео

Обуна шудан
Ҳазорон нафар саъй доранд ба қаламрави бандари ҳавоии Кобул ворид шаванд: онҳо аз тирпарронӣ ва хатари ҳамлаҳои террористӣ наметарсанд
Шаҳрвандони Русия, зодаи Афғонистон ба РИА Новости навори вазъи фурудгоҳи Кобулро дастрас кардаанд.
Дар навор вақти шаб сабт шудааст: дар он дида мешавад, ки ҳатто шабона дар фурудгоҳ вазъ ором нест.
Ҳазорон нафар пас аз ишғоли қудрат аз ҷониби аъзои ҷунбиши радикалии Толибон (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) талош доранд, кишварро тарк кунанд. Дар видео нишон дода шудааст, ки чӣ тавр издиҳоми мардум кӯшиши ворид шудан ба фурудгоҳро доранд.
Русия аз имкони тоҷикистониён барои берун шудан аз Афғонистон гуфт
Онҳо баробари шунидани садо тир худро ба замин мезананд. Эҳтимол меравад, ки низомиёни ИМА барои пароканда кардани шаҳрвандон оташи огоҳкунанда кушоданд.
Феълан танҳо ба воситаи фурудгоҳ метавон Афғонистонро тарк кард. Дигар гузаргоҳҳои марзии ҷумҳурӣ таҳти назорати Толибон мемонанд.
Бештари кишварҳо тариқи парвозҳои махсус шаҳрвандонашонро аз Афғонистон берун мекунанд. Ҳамин тавр, дирӯз 500 шаҳрванди кишварҳои СПАД ба воситаи ҳавопаймои Русия берун бароварда шуданд.
Пештар Толибон изҳор доштанд, ки фурудгоҳро қисман таҳти назорат гирифтаанд. Онҳо ба кишварҳои хориҷӣ то 31 август вақт додаанд, ки шаҳрвандон ва ҳамкорони афғонашонро берун баранд.
Лентаи хабарҳо
0