Шарҳи вазорати хориҷа аз музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1332,9 км дарозӣ дорад. Аз он сарҳади дарёӣ 105 км ва хушкигард 1227,98 км мебошанд.
Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 2002, дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуданд. Аз он нӯҳ гузаргоҳи сарҳадӣ мақоми байналмилалӣ ва ҳафт гузаргоҳи боқимонда мақоми дутарафа дошта, чор гузаргоҳи сарҳадӣ барои нақлиёти роҳи оҳан кушода мебошанд.
Дувоздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, чортои дигараш дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода қарор доранд. Як роҳи автомобилии асосӣ ва шохаи роҳи оҳан аз қисми ғарбии Ӯзбекистон ба қисми шарқии он, ки сипас ба ҳудуди Қирғизистон мебароянд, аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.
Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зарурати муайян намудани хатти Сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуҷуд омад.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Маълум шуд, кай аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом меёбад
Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил гардид. То соли 2002 аз ҷониби Комиссияи муштарак хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар 86% Сарҳади давлатии умумӣ муайян карда шуда, вобаста ба он Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Дар ҳамин ҳол, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон дар мавриди марз бо Ӯзбекистон гуфт, қисматҳои номуайяни марз асосан дар минтақаҳое боқӣ мондаанд, ки се кишвар ба ҳам меоянд
Раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0