Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорати тандурустӣ аз коҳишёбии сироят ба коронавирус дар Тоҷикистон хабар медиҳад

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники в инфекционной больнице
Медицинские работники в инфекционной больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта боз 40 ҳолати сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Вазорат иддао дорад, ки дар ин шабурӯзи гузашта касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи охир, 40 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс ду рӯз пеш 43 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 48 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон новобаста аз он ки дар фазои интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марг бар асари коронавирус хабар медиҳанд, вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқӣ монд.
Заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения  Республики Таджикистан Зульфия Абдусамадзода посетила городской медицинский центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ гуфт, шароити табобати COVID дар Душанбе хуб аст
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16778 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16618 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала