Хатми қиссаи бистсола: охирин ҳавопаймои низомиёни ИМА Кобулро тарк кард

CC BY 2.0 / Lt. Chad A. Dulac / Headed homeБатальон солдат США загружается в военный самолет
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд. Онҳо дар ин кишвар 20 сол ҳузур доштанд
ДУШАНБЕ, 31 август - Спутник. ИМА хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон анҷом дод. Дар ин бора сухангӯи Пентагон генерал Кеннет Маккензи зимни баргузории брифинге хабар дод.
"Бо хуруҷи нирӯҳо рисолати бистсола ба охир мерасад" гуфт ӯ.
Маккензи таъкид кард, ки сарбозон пеш аз тарки Афғонистон аслиҳаи худро нобуд кардаанд. Ин 26 мошини низомӣ, 73 ҳавопаймо ва системаҳои зиддимушакиро дар бар мегирад.
Маъмурияти федералии авиатсияи ИМА қайд кард, ки артиши ИМА дигар фурудгоҳи Кобулро назорат намекунад. Ҳоло фурудгоҳ ба ихтиёри ҳаракати радикалии Толибон, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст, гузашт.
Ҷангҷӯён хуруҷи нерӯҳои хориҷиро бо тирандозӣ дар кӯчаҳои шаҳр қайд мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ, тирҳо ба самти амрикоиҳое, ки Афғонистонро тарк мекунанд, парвоз мекунанд.
Ба гуфтаи намояндаи бюрои сиёсии Толибон Муҳаммад Наим, охирин низомии хориҷӣ як рӯз пеш кишварро тарк кардааст.
"Ҳоло давлати мо озод ва мустақил шуд", - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, сардори Департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки дар Афғонистон беш аз 100 амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кардааст. Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрел хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.
Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толибҳо ҳамлаҳояшонро афзоиш доданд вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август чанд соат бидуни ҷанг Кобулро пурра ба даст гирифтанд ва танҳо минтақаи Панҷшер дар шимоли Афғонистон аз назорати ин гурӯҳ берун аст.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Генерали амрикоӣ аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кишвар фирор кард.
Пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон*, хуруҷи оммавии гурезаҳо ва кӯчонидани намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони корпоративии Ғарб оғоз шуд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0