Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ

© акс аз аъзои нерӯҳои муқовимат дар ПанҷшерНерӯҳои муқовимат дар Тангии Панҷшер, ки даромад ба дара мебошад
Нерӯҳои муқовимат дар Тангии Панҷшер, ки даромад ба дара мебошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аввалин ҳамлаи мустақим ба дараи Паҷшерро ба шикаст мувоҷеҳ карданд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин ҳамла барои “Толибон”* бо кушта ва захмӣ додани ҷангиёнаш ба итмом расид.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, тариқи баёнияи видеоӣ дар шарҳи ин ҳамла гуфт, шаби гузашта дар самти Ғарби Даҳонаи Панҷшер “Толибон”* як ҳамла доштанд, шояд мехостанд дар ҳамла ба Панҷшер бахташонро биёзмоянд.
“Фазли Худо, бахт ҳамроҳашон ёр набуд. 7 – 8 нафар кушта доданд, чанд нафар захмӣ доданд. Як – ду нафар аз нерӯҳои муқовимат низ захмӣ шуданд. Ҳамватанони азиз ташвиш надошта бошанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин даргирӣ аз ҷониби муқовимат нерӯҳои муҷоҳидин ва афсару сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ширкат доштанд.
Нураҳмад Сикандарӣ аз фармондеҳони зиддитолиби Ҷамъияти ислом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Генерал Нур корвони ҷангии “Толибон*” – ро торумор кард: даҳҳо куштаву захмӣ ва асир
“Фармондеҳии амалиётро фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ раҳбарӣ мекард”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Даҳана ё Тангии Панҷшер ягона роҳи содаи вуруд ба дараи Панҷшер аст, ки аз тарафи ғарби дара ҷойгир буда, дарвозаи асосии он ба шумор меояд. Ин тангӣ аз як роҳи мошингарди қиршуда иборат аст, ки аз канори он дарёи Панҷшер мегузарад ва тақрибан 50 метр тӯл дорад.
Ин аввалин ҳамлаи мустақим ба Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” аст, ки анҷом мешавад. Қаблан “Толибон”* талош карданд, ки тариқи Андаробҳои вилояти Бағлон ва дараи Шутули вилояти Панҷшер низ вориди дара шаванд, аммо ноком шуданд. Ҳоло гузоришҳое ҳам аз як даргирӣ дар вулусволии Калафгони вилояти Тахор мерасанд, ки тафсилоташон дар даст нест.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала