Мақомоти Хуҷанд: фаъолияти пурраи автобусҳои шаҳр ба роҳ монда мешавад

© Sputnik Автобусы в городе Худжанд
Автобусы в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Мақомоти Хуҷанд хабар дод, ки ҳаракати автобусҳои шаҳри Хуҷанд, ки қаблан ба сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ аз ҳаракат боз монда буданд, дубора пурра барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти вилояти Суғд шуруъ аз санаи 1 сентябри соли равон тамоми автобусҳои КВД "Нақлиети мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" бо тамоми васоити нақлиётиаш ба хизматрасонии доимӣ оғоз менамояд.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки барои шаффофӣ ва мунтазамии хизматрасони пардохти ҳаққи роҳкиро қатъиян бо тариқи ғайринақдӣ яъне бо кортҳои нақлиётӣ сурат мегирад.
“Мусофиронро зарур аст, барои равуои бемамоният аз нуқтаҳои корттаъминкуни кортро дастрас намоянд ва ё дар ҳолати доштани корт суратҳисоби онро пурра намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки кортҳои нақлиётӣ кафолати равуои бемамонияти сокинон дар масири ҳаракати автобусҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи август болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд гардид.
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд
Дар маркази вилояти Суғд аз 100 автобуси мавҷуд буда, танҳо 10 тоаш кор мекунад, 90 адади дигар аз ҳаракат боз монда буд.
Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд гуфта буд, ки болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба ҳолати бе ин ҳам хароби иқтисодии корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст.
“Нархи солярка аз 9 сомонӣ гузашт. Агар ба ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт то бегоҳ маблағи соляркаро надиҳед, пагоҳ саҳар сӯзишворӣ намедиҳанд. Ҳаракати автобусҳо, хароҷоти сӯзишвориро пӯшонида наметавонад, аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати 90 дарсади автобусҳо боз дошта шудааст”, - гуфт Бобоҷонов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала