Ҳукумат лоиҳаи Кодекси нави андозро тасдиқ кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави андози ҷумҳуриро тасдиқ ва барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз лоиҳаи Кодекси нави андози кишвар ҷонибдорӣ карда, онро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ҳукумат, ки 31 август таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошта буд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Кодекси нави андоз: кадом андозҳо бекор, кадомҳо кам ва кадомашон якҷоя шуданд?
Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд.
"Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - изҳор дошт раисиҷумҳур моҳи равон дар мулоқот бо кормандони бахши молия.
Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар фаъолияташон мавриди назар дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0