“Ҷанги Ховок давом дорад”: се ҳамлаи дигари “Толибон” ба Панҷшер

© AFP 2021 / ROMEO GACADВооруженные люди в Афганистане
Вооруженные люди в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Нерӯҳои “Толибон”* аз шимолу шарқи Панҷшер се ҳамлаи бузург анҷом дода, бо талафоти сангин ақибнишинӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин ҳамлаҳо шаби 30 ба 31 август ба мавозеи Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар ағбаи Ховоки дараи Панҷшер сурат гирифтаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз шаби 30 август то субҳи 31 август “Толибон”* дар шимолу шарқи Панҷшер аз тариқи ағба ё гарданаи баланди Ховок ҳамалотеро сари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат анҷом доданд.
“Се ҳамла буд, ки ҳамагӣ аз сӯи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат рафъ шуданд ва талафоти зиёде ба “Толибон”* ворид шуд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Бино ба ин манбаъ, дар ин ҳамалот наздик ба 30 толиб кушта, ҳудуди 15 тани дигар захмӣ шуданд ва теъдоде аз ҷангиёни “Толибон”* ва ҳам таҷҳизоти низомии онҳо ба дасти нерӯҳои муқовимат афтодаанд.
Нерӯҳои муқовимат дар Тангии Панҷшер, ки даромад ба дара мебошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Нахустин ҳамлаи мустақими "Толибон"* ба Панҷшер ва шикасташон аз нерӯҳои Регистонӣ
“Ҷанг идома дорад ва нерӯҳои мо омодаи набарданд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҳамлаи “Толибон”* ба Даҳанаи Панҷшер хабар дода буданд, ки дар пайи он 8 толиб куштаву 4 тани онҳо захмӣ шуданд.
Ҳамзамон нерӯҳои муқовимат дар Парвон аз вуруди “Толибон”* ба дараи Шутул дар шимолу ғарби дараи Панҷшер ҷилавгирӣ карда, дар як камин ҳудуди 50 толибро куштаву захмӣ карда буданд. Бо иттифоқ афтодани ин ҳамлаҳо, ба назар мерасад, “Толибон” барои ишғоли Панҷшер, танҳо вилояте, ки аз назорати онҳо хориҷ аст, иқдом кардаанд.
Панҷшер ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон ба шумор меравад, ки таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, султаи “Толибон” – ро қабул накард ва аз онҳо тақозо намуд, ки як ҳукумати ҳамашумул таъсис диҳанд. Музокироте ҳам миёни ҷонибҳо дар чанд давр сурат гирифтанд, ки бо назардошти ин ҳамлаҳо зоҳиран ба ҷое нарасидаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала